Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки меҳрубонӣ, бурдборӣ ва нармӣ дар гуфтор ва дар кирдор ҳамаро некутар ва зеботар мегардонад ва эҳтимоли расидан ба ниёз ва ҳоҷати шахсро наздиктар мекунад. Номеҳрубонӣ ва зиштрафторӣ сабаби бад шудан ва зиштӣ дар ҳар кор аст, ки эҳтимоли расидани шахс ба ҳадафашро боздорад ё роҳи расидан ба онро сахт ва душвортар созад.