Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе аз ҳуқуқи як мусалмон бар мусалмони дигарро ингуна баён фармуданд: Нахустин ҳақи як мусалмон бар бародараш ин аст, ки посухи саломи ӯро гӯяд. Ҳаққи дуюм: Аёдат ва дидори шахси бемор аст. Ҳаққи сеюм: иштирок дар ҷаноза ва то қабристон рафтан аз пушти ҷаноза ва то дафн кардани майит онҷо мондан. Ҳаққи чаҳорум: Пазируфтани даъват, ки агар ӯ ба тӯйи арусӣ ё маросими дигар даъват шавад, бипазирад. Ҳаққи панҷум: касе, ки атса мезанад ва "Алҳамдуллилоҳ" мегӯяд дар посух ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфта шавад, ки сипас худи атсазананда боз бигӯяд: "Яҳдикум Аллоҳ ва юслиҳ болакум" (Худованд шуморо ҳидоят ва хаёлатонро нек бидорад).