Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо! Ман муртакиби ҳамагуна гуноҳон шудаам, ба тамоми гуноҳони сағира ва кабира даст задаам, оё Худованд маро мебахшад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Оё гувоҳӣ медиҳӣ, ки нест худое бар ҳақ магар Аллоҳ, Ва инки Муҳаммад расули Аллоҳ аст? Ин суханро се маротиба такрор намуданд, ва он мард ҷавоб гуфт: бале гувоҳӣ медиҳам. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро аз фазилат ва бузургии калимаи шаҳодат ва инки он каффораи гуноҳон, ва инки ҳамчунин тавба гуноҳони гузаштаро пок месозад, огаҳ фармуданд.