explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои касе ҷоиз нест бар худ ва на бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён доштанд, ки касе ба мардум зарар мерасонад зарар хоҳад дид, ва касе машақат бар мардум меорад машақат хоҳад дид.

explain-icon

fawaed

  • Наҳй аз муҷозоте ки бештар аз ҳад (-и шаръӣ) бошад.
  • Худованд бандагонро ба чизе, ки бар зиёни онҳо тамом мешавад, амр нафармудааст.
  • Зарар расонидан бар худ ва бар дигарон, бо забон бошад ва ё амал, ҳаром аст.
  • Муҷозот аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ зиён расонад Худованд ба ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ душворӣ ба мардум орад Худо бар ӯ душворӣ меорад.
  • Яке аз қоидаҳои шариъат ин аст, ки "Зарар бартараф карда мешавад". Шариат зарарро қабул надорад, ва зарар расонидан бар дигаронро инкор мекунад.