Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои шахс ҷоиз нест, ки бар худ ва ё бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ.