Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар чизе дар шиками намозгузор ҳаракат кард ва барояш муайян нашуд, ки оё чизе аз ӯ хориҷ шудааст ё на, аз намоз хориҷ нашавад ва намозро барои таҳорати нав қатъ накунад, то ин ки мутмаъин шавад, чизе рух дода ва таҳораташро шикастааст. Яъне, ин ки садое шунавад ё бӯе ҳис кунад, зеро шак яқинро ботил намекунад ва ӯ ба таҳорати худ яқин дорад, аммо дар шикастани таҳораташ шак дорад.