Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо: Яке аз мо дар дили худ чизе дорад, ки ба забон овардани он барояш бисёр сахт аст, то ҷое, ки сухтан ва хокистар шудан барояш беҳтар аз сухан гуфтан дар мавриди он аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду бор такбир гуфтанд ва шукри Худовандро ба ҷой оварданд, ки Худованд найранги шайтонро ба васваса табдил дод.