Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудаанд, ки ҳар ки аз тоати ҳокимон (и одил) саркашӣ кунад ва аз ҷамоати мусалмонон, ки бар байъат бо имоме (ҳокиме) иттифоқ кардаанд, хориҷ шавад ва бар ин ҳолати ҷудоӣ ва адами тоат вафот кунад, ба марги аҳли ҷоҳилият мурдааст, ки аз амире итоат намекарданд ва ба як гурӯҳи ягона намепайвастанд, балки гурӯҳ гурӯҳ буданд ва бо ҳамдигар меҷангиданд. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар кас зери парчаме биҷангад, ки дар он ҳаққу ботил фарқ карда нашавад ва фақат барои мутаассибӣ нисбати қавми худ ё қабилаи худ бо онон ҳамроҳ шудааст, на барои ҳимоят аз дин ва ҳақиқат ва дар натиҷа бидуни басират ва илм ва сирф аз рӯйи таассуб биҷангад ва дар ҳамин ҳол бимирад, монанди кушта шудани замони ҷоҳилият ҷон бохтааст. Ва ҳар ки бар уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хуруҷ кунад ва неку бади онро ба ҳам занад ва барояш муҳим набошад, ки чи мекунад ва аз ҷазои куштани муъминони ин уммат натарсад ва ба кофироне, ки аҳду паймон доранд, таваҷҷуҳ накунад ва ба аҳди ҳокимон (и одил) аҳамият надиҳад ва онро зери по гузорад, ин аз гуноҳони кабира аст ва ҳар касе чунин кунад, сазовори ваъид ва таҳдиди шадид аст.