Аз Фурҷа (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе назди шумо омад, дар ҳоле ки шумо бар (итоати) як мард ҷамъ шуда иттифоқ кардаед ва хост то дар байни шумо тафриқа андозад ё ҷамоати шуморо аз ҳам ҷудо созад, ӯро бикушед." Саҳеҳ - رواه مسلم
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар мусалмонон бар як ҳоким ва бар як ҷамоат якҷо шуданд, сипас касе омад ва хост дар он ҳукм ба он ҳоким рақобат кунад, ё хост ҷамоати мусалмононро ба гурӯҳҳо ҷудо сохта, пароканда намояд, бар онон воҷиб аст, ки аз ӯ пешгирӣ кунанд ва барои дафъи шарри ӯ аз мусалмонон ва муҳофизати ҷони мусалмонон бо ӯ биҷанганд.

explain-icon

fawaed

  • Итоат кардан аз ҳокими мусалмонон дар ғайри гуноҳ воҷиб ва бар зидди ӯ хуруҷ кардан ҳаром аст.
  • Ҳар ки бар имоми мусалмонон ва ҷамоаташон шӯриш кунад, новобаста аз манзилату ному насабаш, ҷангидан бар зидди ӯ воҷиб аст.
  • Ташвиқ ба ваҳдату якҷоягӣ ва дурӣ аз ихтилофу тафриқа.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар