Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобагон аҳду паймон гирифт, ки дар осонӣ ва сахтӣ ва дар сарватмандӣ ва фақр ба амри валиамр ва ҳокимон амал кунанд. Чи ин авомир хостаи нафс бошанд ё чизе бошад, ки нафс онро хӯш намедорад, ҳатто агар ҳоким амволи умумӣ ё мансабҳо ва ғайри онро қабза кунад (баъзеҳоро аз он бидиҳанд ва баъзеҳоро надиҳанд) боз бояд дар корҳои хуб амри ононро шунид ва итоат кард ва набояд бар зидди онон шӯриш кард. Зеро фитна ва фасоде, ки дар ҷангидан бо онон аст, шадидтар аз фасоде аст, ки бо зулми онон ҳосил мешавад. Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз онон паймон гирифт ин аст, ки ҳақро ҳарҷо, ки бошанд бигӯянд ва онро холисона барои Аллоҳ бигӯянд ва аз сарзаниши сарзанишгар натарсанд.