Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе Аллоҳ ӯро ҳоким ва масъул қарор додааст, чи масъулияти бузурге бар дӯш дорад, монанди ҳоким ва амир, ва ё сарпарастии хос, ба монанди сарпарастии мард ё зан дар хонаи худ ва бар зердастони худ беэътиноӣ кунад, дар масъулияти худ фиреб ва хиёнат кунад, барои онон хайр ва некӣ нахоҳад ва ҳуқуқи динӣ ва дунявии ононро зоеъ кунад, сазовори ин ҷазои сахт хоҳад буд.