Ҳар вақт Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз намоз берун мешуд, мегуфт: Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳ. (Яъне аз Худо омӯрзиш металабам) Сипас бо гуфтани "Бор илоҳо! Ту (аз ҳар айбу нуқсон) солим ҳасти ва саломати аз сӯйи Ту аст, бо баракат ҳастӣ эй соҳиби карам ва азамат" Худовандро ба бузургӣ ёд менамуд. Худованд дар сифоти худ комил ва аз ҳар айб ва нуқс муназзаҳ аст, танҳо аз Ӯ Таъоло аз шарри дунё ва охират амон мехоҳем, Ӯ Таъоло соҳиби азамат ва эҳсон аст, ки ба неъматҳояш дар ҳарду ҷаҳон ба афзунӣ бахшидааст.