Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пас аз саломи ҳар намози мафруза ин зикри бузургро мегуфтанд, ки маънояш чунин аст: "Ло илоҳа иллаллоҳ": яъне нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ. "Ваҳдаҳу ло шарика лаҳу" : Ӯ дар Улуҳият ва Рубубият ва номҳо ва сифатҳояш ҳеҷ шарике надорад. "Лаҳул-мулк" : Фармонравоии мутлақу умумӣ ва фарогир ва фармонравоии замину осмонҳо ва ончи миёни онҳост, азони Ӯст. "Ва лаҳул-ҳамд": яъне Ӯ Таъоло мавсуф ба камоли мутлақ аст, Ӯ дар ҳама ҳолат, дар хушӣ ва дар сахтӣ, бо эҳтироми комил ва аз рӯи муҳаббат ва бузургдоштӣ васф карда мешавад. "Ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир": Қудрати Ӯ Таъоло аз ҳар нигоҳ комил аст, ҳеҷ чиз Ӯро нотавон намесозад ва ҳеҷ ғайри имконе баро Ӯ вуҷуд надорад. "Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ": Ҳеҷ тағйир ва дигаргунӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар нест, ҳеҷ роҳе аз маъсияти Аллоҳ ба сӯи итоати Ӯ нест ва ҳеҷ қудрате нест магар ончи ба дасти Ӯст, Ӯ мададгор ва таваккули мо танҳо ба Ӯ Таъолост. " Ло илоҳа илло Аллоҳ, ва ло наъбуду илло ийоҳу": инҷо таъкид бар улуҳият ва инкори ширк аст ва инки ҷуз Ӯ Таъоло касе сазовори парастиш нест. "Лаҳун-неъмаҳ ва лаҳул-фазл": Ӯст Офаридгор ва соҳиби неъмат, ба ҳар кӣ аз бандагонаш бихоҳад медиҳад. "Ва лаҳус-саноул-ҳасан": Ҳамд ва ситоиши нек бар зоту сифот ва афъолу неъматҳои Ӯ Таъолост. "Ло илоҳа иллаллоҳ мухлисина лаҳуд-дин": Ӯро ягона медонем ва дар тоати Аллоҳ риё ва худнамоӣ намекунем. "Ва лав кариҳал-кофирун": Бар тавҳиди Аллоҳ ва ибодати Ӯ собитқадам ҳастем, агарчи кофиронро хуш наояд.