Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехест, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ", яъне: Он ки ҳамди Аллоҳ Таъолоро ба ҷой оварад, Аллоҳ низ ӯро истиҷобат мекунад ва ситоиши ӯро мепазирад ва барояш аҷру савоб медиҳад. Сипас ҳамди Аллоҳро ин гуна ба ҷой меовард: "Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид он киро ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ). Яъне, ҳамде, ки осмонҳо ва замин ва байни онҳоро пур мекунад ва ҳар чизеро, ки Аллоҳ бихоҳад пур мекунад.