Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Убай ибни Каъбро аз бузургтарин ояти китоби Худованд пурсид, Убай ибни Каъб пас аз каме тардид, гуфт: он Оятул-курсӣ аст (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар посухи ӯ ва бо ишора бар инки синаи ӯ пур аз илму ҳикмат аст, бар қафаси синааш зад ва барои ӯ дуъо карданд, ки Худованд илмиашро биафзояд ва саодатманд бошад.