Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат аз байн рафтани илми шариъат аст, ки бо сабаби марги уламо ба миён меояд. (Зеро бо сабаби марги уламо илми шариат аз байн рафта ҷои онро ҷаҳлу нодонӣ фаро мегирад), ки дар натиҷаи он, ҷаҳлу нодонӣ бештар мегардад, зино ва фоҳишагӣ бештар ривоҷ ёфта шаробнӯшӣ ба авҷи худ мерасад. Шумори мардон кам ва аз занон зиёд мешавад, то онҷо, ки барои ҳар панҷоҳ зан як мард хоҳад буд, ки ба кор ва умури онҳо расидагӣ мекунад.