Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки подоши мусалмон назди Худованд мувофиқи амалест, ки бо дигар мусалмонон анҷом медиҳад. Пас, ҳар касе, ки аз як муъмин мусибате ё душворие аз мусибатҳои дунёро сабук кунад, Худо аз ӯ мусибате аз мусибатҳои рӯзи қиёматро сабук мегардонад. Ҳар касе, ки ба як тангдаст осонӣ биёрад ва душвориашро сабук намояд, Худованд бар ӯ дар дунё ва охират осонӣ хоҳад овард. Ҳар касе, ки айби як мусалмонро пӯшонад, масалан, агар чизе аз лағзиш ё хатоҳои ӯро бинад, ки шоистаи ошкор шуданаш нест, Худованд низ айби ӯро дар дунё ва охират пинҳон медорад. Худо ёридиҳандаи бандаи худ мешавад, то вақте ки он банда дар ёрии бародари худ, дар корҳои динӣ ё дунявии ӯ бошад. Ин ёрӣ метавонад бо дуо, кумак бо ҷисм, мол ё дигар роҳҳо бошад. Касе, ки барои омӯхтани илми шаръӣ меравад ва қасдаш танҳо розигии Худованд аст, Худо ба василаи он роҳро ба сӯи биҳишт барояш осон мегардонад. Ҳар гоҳ гурӯҳе дар яке аз хонаҳои Худо ҷамъ шаванд ва китоби Худоро тиловат кунанду онро байни худ биомӯзанд, оромиш ва вақор бар онҳо нозил мегардад; раҳмати Худо онҳоро фаро мегирад; фариштагон онҳоро иҳота мекунанд; Худованд дар назди мавҷудоти баландмартабаи Худ онҳоро ёд мекунад. Ва чи шарафе бузургтар аз он аст, ки Худо бандаро дар малаи аъло ёд кунад! Касе, ки аъмолаш нопурра бошад, ба мартабаи соҳибони аъмоли нек нахоҳад расид. Пас, набояд шахс танҳо ба шарафи насаб ва фазилати падарону гузаштагонаш такя кунад ва дар амал кӯтоҳӣ намояд.