Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаркас Аллоҳ барояш иродаи хайр кунад, фаҳми дин ба ӯ ато мекунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) қосим аст, яъне ончи Аллоҳ аз ризқу рӯзӣ, илм ва дигар чизҳо ба ӯ ато фармудааст, тақсим мекунад, аммо бахшандаи воқеӣ Худованд аст ва дигарон василае ҳастанд, ки ҷуз ба изни Аллоҳ суде намебахшанд. Ин уммат то замоне пойбанди фармони Худо ҳастанд то фаро расидани қиёмат касе ба онҳо зиён намерасонад.