Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем. حسن - رواه أحمد
explain-icon

Шарҳ

Саҳобагони Паёмбар (Худованд аз онҳо розӣ бод) даҳ оятро аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифта ва пас аз амал кардан ба он боз даҳ ояти дигарро фаро мегирифтанд ва ба он амал мекарданд.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва таваҷҷуҳи хоси онҳо ба фаро гирифтани Қуръон ва амал кардан ба он.
  • Омӯхтани Қуръон танҳо ба маънои хондан ва ҳифз кардани он нест, балки амал кардан ба маъонии оятҳои он пас аз худ кардани он аст.
  • Илм қабл аз қавл ва амал аст.