Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳоли шахси мунофиқро чунин баён намудааст, ки ӯ мисли як гӯсфанди саргардон аст, ки намедонад ба сӯи кадом яке аз рамаҳо биравад. Гоҳ ба тарафи ин рама меравад гоҳ ба тарафи рамаи дигар. Мунофиқон дар миёни куфр ва имон ҳайрон ва саргардонанд, на дар зоҳир ва ботин бо мӯъминонанд ва на бо кофирон, дар зоҳир бо мӯъминонанд ва дар ботин дар шакку тардид, гоҳ майл ба сӯи инҳо мекунанд ва гоҳҳо ба сӯи онҳо.