Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз чаҳор хислат ҳушдор доданд, ки агар дар як мусалмон ҷамъ шаванд, ӯ ба сабаби ин хислатҳо ба мунофиқон шабоҳати сахт пайдо мекунад. Ин ҳукм барои касест, ки ин хислатҳо дар ӯ ғолиб ва доимӣ бошанд. Аммо касе, ки гоҳ-гоҳ чунин амал кунад, ин таҳдид ӯро дар бар намегирад. Он хислатҳо иборатанд аз: Якум: Вақте ҳарф мезанад қасдан дурӯғ мегӯяд ва дар гуфтораш ростӣ нест. Дувум: Вақте аҳду паймон мебандад, ба аҳдаш вафо намекунад ва ба он касе, ки бо ӯ аҳд бастааст, хиёнат мекунад. Севум: Вақте ваъда медиҳад, ба ваъдааш вафо намекунад ва хилофи он амал мекунад. Чаҳорум: Вақте баҳсу ҷанҷол мекунад, аз ҳақ берун меравад, бо макр ва ҳила ҳақро рад мекунад ва дурӯғу ботил мегӯяд. Нифоқ ин аст, ки шахс чизеро изҳор мекунад, ки дар ботин хилофи онро дорад. Ва ин маънӣ дар касе, ки ин хислатҳоро дорад, мавҷуд аст. Нифоқи ӯ дар ҳаққи касе аст, ки бо ӯ ҳарф задааст, ваъда кардааст, ӯро амин шуморидааст, бо ӯ баҳсу ҷанҷол кардааст ва бо ӯ аҳду паймон бастааст, на ин ки ӯ дар ислом мунофиқ бошад, ки зоҳир исломро қабул дорад ва ботинан кофир аст. Аммо касе, ки яке аз ин хислатҳоро дорад, дар ӯ нишонаи нифоқ ҳаст, то он ки онро тарк намояд.