Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худро амр фармуданд то аз ҳафт гуноҳи ҳалоккунанда дурӣ ҷӯянд. Чун аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди гуноҳони мазкур пурсида шуд, гуфтанд: 1- Ширк овардан ба Худованд, ба монанди ҳамто ва монанд қарор додан ба Ӯ Таъоло ва ҳаргуна ибодат, ки барои ғайр аз Худо анҷом дода мешавад, ё ҳар ибодат, ки бо ширк оғоз меёбад. Паёмбари Худо нахустини ҳафт гуноҳи ҳалоккунандаро ширк гуфтаанд, зеро ширк бузургтарин гуноҳ аст. 2- Сеҳр ва ҷоду, ки иборат аст аз: гиреҳҳо, вирдҳо, доруҳо ва дуд андохтани баъзе чизҳо. Таъсири сеҳр ин аст, ки касро бемор ва ё ҳатто ба марг мерасонад, миёни зану шавҳар ҷудоӣ меандозад, ки ин худ аз амалҳои шайтонӣ аст. Бисёре аз амалҳои сеҳр ба воситаи ширк ва корҳое ки шайтон дӯст медорад, анҷом дода мешавад. 3- Куштани нафсе, ки Аллоҳ куштани онро манъ кардааст, магар бо далоил ва аҳкоми шаръӣ, ки он ҳам ба воситаи ҳоким анҷом дода мешавад. 4- Муомила бо рибо, чи аз роҳи судхӯрии мустақим бошад ё василаи дигари ба даст овардани суд. 5- Дастдарозӣ бар моли кӯдаке, ки падараш пеш аз ба балоғат расидани ӯ вафот кардааст. 6- Фирор аз ҷанг бо кофирон. 7- Туҳмат задани занони покдоману озода ба зино, ҳамчунин туҳмат задан ба мардҳо.