Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобагонашро аз бузургтарин гуноҳони кабира хабар додааст, аз он ҷумла сетояшро зикр кардааст: 1. Ширк овардан ба Аллоҳ, ки иборат аст аз: Анҷом додани ҳар навъ аз ибодат барои ғайри Аллоҳ ва баробар кардани ғайри дигар чиз ба Аллоҳ дар улуҳият, рубубият ва номҳову сифатҳои Ӯ. 2. Нофармонӣ аз падару модар: Озор додани падару модар бо гуфтор, рафтор ва беэътиноӣ ва тарки некӣ кардан ба онҳо. 3. Сухани бардурӯғ ва аз ҷумлаи сухани дурӯғ, ин шаҳодати бардурӯғ аст. Ва он иборат аст аз ҳар сухани дурӯғе, ки бо ҳадафи таҳқиру кам шумурдани шахсе дар баробари ба даст овардани мол ё дастдарозӣ ба номусу обурӯйи он шахс ва монанди ин корҳо сурат мегирад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба сухани дурӯғ ва барои зишт будан ва осори баде, ки бар ҷомеа мегузорад, такрор ба такрор ҳушдор доданд. То ҷое, ки саҳоба аз рӯйи дилсӯзӣ барои он ҳазрат ва бад донистани он чи сабаби озори Ӯ мешавад, гуфтанд, ки кош ин гуфтаро зиёд идома намедоданд.