Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи мунофиқон ва танбалии онон аз ҳозир шудан дар намоз, ба хусус дар намозҳои хуфтан ва бомдод хабар доданд. Ва ин ки агар миқдори аҷру савоби ҳозир шудан дар ин намозҳо ҳамроҳ бо ҷамоати мусалмононро медонистанд, ҳатто монанди кӯдакон хазида бар дасту зону дар ин намозҳо ҳозир мешуданд. Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасмим гирифт, ки амр кунад то намозро барпо кунанд ва ба ҷои худ мардеро имом интихоб кунад ва сипас худ бо бастаҳои аз ҳезум ба сӯи мардоне биравад, ки дар ҷамоат ҳозир намешаванд ва хонаҳояшонро бо оташ бисӯзонанд. Ва ин ба сабаби сахтии гуноҳе буд, муртакиб мешуданд. Аммо эшон чунин накарданд, зеро дар ин хонаҳо занону кӯдакони бегуноҳ ва дигар касоне ҳастанд, ки узр доранд ва гуноҳе надоранд.