Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд: "Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст" Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки оташи дунё танҳо як бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст, қуввати гармии оташи дӯзах шасту нуҳ баробари дигар бештар аз гармии оташи дунё аст, ки ҳар як қисмати он баробари гармии оташи дунё аст. Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамон оташи дунё барои касоне, ки вориди дӯзах мешаванд худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: гармии оташи дӯзах шасту нуҳ маротиба бештар аз оташи дунё аст, ки гармии ҳар як қисмати он баробар ба оташи дунё аст.

explain-icon

fawaed

  • Ҳушдор ва бим додан аз оташи дӯзах, то мардум аз амалҳое, ки сабаби ворид шудан ба дӯзах мешаванд, барҳазар бошанд.
  • Оташи дӯзах бисёр ҳавлнок ва дардовар, ва дорои ҳарорати бисёр баланд аст.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар