Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки дар биҳишт маконе ҳаст, ки онҳо дар он ҷамъ мешаванд. Дар он ҷо хариду фурӯш нест. Ҳар кас аз он чизе бихоҳад мегирад. Онҳо дар ҳар ҳафт рӯз якбор ба онҷо меоянд. Шамоли шимол бар рӯйҳо ва либосҳояшон мевазад ва бар ҳусну ҷамоли онҳо меафзояд. Онҳо ба назди хонаводаи худ бармегарданд ва мебинанд, ки зебоии онҳо низ афзудааст. Хонаводаи онҳо мегӯянд: Ба Аллоҳ савганд, шумо пас аз мо зеботар шудаед, ва онҳо ҷавоб медиҳанд: Ба Аллоҳ савганд, шумо низ пас аз мо зеботар гаштаед.