Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фазл ва раҳмати Худованд мегӯяд, ки агар мусалмон дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш ба адои амали нек одат карда бошад, сипас барои ӯ узре пеш ояд, ба монанди беморӣ ва сафар, ки аз адои он амал оҷиз ояд, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш анҷом медод.