Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзи Фатҳи Макка барои мардум хутба гуфт ва фармуд: Эй Мардум! Ҳамоно Аллоҳ такаббур, ҳамосаи ҷоҳилият ва фахрфурӯшӣ ба падаронро аз миёни шумо бардоштааст. Ва мардум бар ду навъанд: Ё муъмини парҳезгор, солеҳ, фармонбардор ва ибодаткунандаи Аллоҳи бузург аст, ки ин назди Аллоҳ гиромӣ аст, ҳатто агар назди мардум дорои ҳасаб ва насаб набошад. Ва ё ин ки кофири фоҷири бадбахт, ки чунин одам назди Аллоҳ беарзишу хор аст, агарчи назди мардум қудрату обрӯ ва эътибор дошта бошад. Ва ҳамаи мардум фарзандони Одам ҳастанд ва Аллоҳ Одамро аз хок офарид, пас барои касе, ки аз хок офарида шудааст, сазовор нест, ки такаббур ва худписандӣ кунад. Ва мисдоқи он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст, ки мефармояд: "Эй мардум, мо шуморо аз [омезиши] марду зане офаридем ва ба ҷамоатҳо ва қабилаҳои мухталиф тақсим кардем, то якдигарро бозшиносед. Бе тардид, бузургвортарини шумо назди Аллоҳ Таъоло парҳезкортарини шумост; ва Аллоҳ Таъоло [ба он чи мекунед] доно ва огоҳ аст." (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13).