Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки бар ҳар мусалмони мукаллаф дар ҳар шабонарӯз ба андозаи адади мафосили устухонҳояш садақае аз рӯйи шукр барои Аллоҳ Таъоло, ки ба ӯ иноят бахшидааст ва барои устухонҳояш мафосиле қарор додааст, то онҳоро боз ва баста кунад, лозим аст. Ва ин ки ин садақа бо тамоми корҳои хайр анҷом дода мешавад ва маҳдуд ба бахшидани мол нест, аз ҷумла: Адолат ва оштӣ андохтан миёни ду шахсе, ки бо ҳам ихтилоф доранд, садақа аст, Вақте ба нотавоне кумак мекунӣ ба маркабаш савор шавад ва ашёашро барояш бардошта медиҳӣ, садақа аст. Сухани нек, аз қабили зикр, дуо, сулҳ ва ғайра, садақа аст. Ва ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ, садақа аст. Ва аз роҳ дур кардани он чи зараровар аст, садақа аст.