explain-icon

Шарҳ

Гуфтани суханони зишт ва амалҳои зишт аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) набуд ва қасдан ҳам анҷом намедоданд, ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) соҳиби ахлоқи бузург буд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод мефармуданд: Беҳтарини шумо дар назди Аллоҳ касоне ҳастанд, ки некӯтарин ахлоқро доранд, яъне кори нек анҷом медиҳанд, чеҳраи кушода доранд, аз озор расонидан ба дигарон парҳез мекунанд ва таҳаммули озор бар худро доранд ва дар таомул бо мардум бисёр меҳрубон ҳастанд.

explain-icon

fawaed

  • Муъмин бояд аз бадгӯӣ ва бадрафторӣ дурӣ ҷӯяд.
  • Аз камоли ахлоқи Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҷуз амали нек ва некгуфторӣ набуд.
  • Ахлоқи нек майдони рақобат аст, ҳар кӣ дар он сабқат варзид, аз нектарин ва комилтарин муъминон аст.