Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ додааст, ки ҳеҷ мусалмоне наметавонад имони комилро ба даст орад, то он чиро, ки худаш аз тоату амалҳои гуногун дар дин ва дунё дӯст медорад, барои бародари (муъмини) худ дӯст бидорад ва он чиро, ки барои худ бад мебинад, барои ӯ низ бад бинад. Агар дар дини бародари мусалмонаш нуқсоне бубинад, барои ислоҳаш саъй кунад ва агар дар ӯ хайре бубинад, ӯро роҳнамоӣ кунад, кумакаш кунад ва дар умури дин ва зиндагии дунявӣ пандаш диҳад.