explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мардеро шунид, ки бародарашро ба тарки зиёдаравӣ дар ҳаё насиҳат мекард, Паёмбари Худо барои ӯ баён фармуданд, ки ҳаё аз имон аст ва он хайру некӣ ба бор меорад. Ҳаё рафторе аст, ки боиси анҷоми амалҳои зебо ва тарки корҳои зишт мегардад.

explain-icon

fawaed

  • Ончи ки шуморо аз корҳои нек бозмедорад, ҳаё номида намешавад, балки он хиҷолат, нотавонӣ, тарсуӣ ва буздилӣ аст.
  • Шарму ҳаё дар баробари Аллоҳ бо анҷоми дастурот ва тарки манъкардаҳои Ӯ Таъоло ҳосил мешавад.
  • Шарму ҳаё аз мардум иборат аст аз эҳтироми онҳо, қадрдонии онҳо ва дурӣ аз амалҳое, ки миёни мардум зишт дониста мешавад.