explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мефармоянд, ки нерӯи ростин нерӯи бадан нест, ё нерӯманд касе нест, ки паҳлавононро бар замин мезанад, балки нерӯманд касе аст, ки ҳангоми хашму ғазаб болои худ ғолиб меояд, зеро ин нишони қудрат ва пирӯзии ӯ бар шайтон аст.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати бурдборӣ ва худдорӣ ҳангоми хашм ва инки ин амалкард аз амалҳои шоистае аст, ки дини ислом ба он ташвиқ мекунад.
  • Худдорӣ ҳангоми хашму ғазаб душвортар аз мубориза бо душман аст.
  • Ислом маъно ва мафҳуми тавон ва қудрати замони ҷоҳилӣ ва пеш аз исломро ба маънои ахлоқи наҷиб табдил додааст, яъне тавонотарин шахс касест, ки бар худ мусаллат бошад.
  • Дурӣ кардан аз асабоният ва ғазаб, ба сабаби онки осеб ба афрод ва ҷомеа мерасонад.