Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба се чиз амр намудааст: Якум: Парҳезгорӣ аз Аллоҳ Таъоло, бо анҷом додани воҷиботаш ва тарк намудани муҳаррамоташ, дар ҳар макон, замон ва ҳолат, пинҳон ва ошкоро, дар неъмат ва мусибат ва ғайра. Дуюм: Агар муртакиби гуноҳе шудӣ, пас аз он кори неке анҷом деҳ, аз қабили намоз, садақа, некӣ ба мардум, силаи раҳм, тавба ва ғайра. Зеро ин амали нек гуноҳро пок месозад. Сеюм: Бо мардум бо ахлоқи нек муомила кун, аз қабили табассум дар рӯйи онҳо, нармӣ ва мулоимат, кумак кардан ба дигарон ва манъи озору азияти мардум.