Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Комилтарин мӯъминон аз нигоҳи имон касоне ҳастанд, ки хушахлоқтарин ҳастанд, ва беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки беҳтарин барои занонашон ҳастанд". Ҳасан - رواه أبو داود والترمذي وأحمد
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имони касоне комилтарин аст, ки ахлоқи нек доранд, яъне бо чеҳраи кушода ҳастанд, амалҳои нек анҷом медиҳанд, хушзабон ҳастанд ва ба касе озори онҳо намерасад. Беҳтарини муъминон ононе ҳастанд, ки беҳтарин барои занони хонаводаи худ ҳастанд , яъне: барои ҳамсарон, духтарон, хоҳарон ва дигар занони наздики худ, зеро онҳо аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки сазовори бархурд бо равиши неканд.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати ахлоқи нек ва инки он аз шохаи имон аст.
  • Амал аз имон аст ва имон зиёд ва кам мешавад.
  • Эҳтироми Ислом ба зан ва ташвиқу тарғиб барои некӣ кардан ба онҳо.