Аз Абумасъуди Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт" Саҳеҳ - رواه مسلم
explain-icon

Шарҳ

Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: маркаби ман ҳалок шудааст, ба ман маркабе бидеҳ то маро бибарад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ӯ узр хост ва гуфт маркабе надорад ба ӯ бидиҳад. Марде онҷо ҳозир буд, гуфт: эй Расули Аллоҳ! Ман ӯро ба назди касе роҳнамоӣ мекунам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд, ки ӯ низ дар аҷри садақадиҳанда шарик аст, зеро ниёзмандеро ба назди ӯ роҳнамоӣ кардааст.

explain-icon

fawaed

  • Ташвиқ барои далолат кардан ба хайр.
  • Ташвиқ ва тарғиб ба амали хайр яке аз сабабҳои ҳамбастагӣ ва такомули ҷомеаи мусалмон аст.
  • Вусъати фазл ва лутфи Худованд.
  • Ин ҳадис як қоидаи умумӣ аст, ки фарогири тамоми аъмоли хайр аст..
  • Агар шахсе тавони бароварда сохтани ниёзи ниёзмандеро надорад пас ӯро ба каси дигар роҳнамоӣ кунад, (ки тавони баровардани ниёзи ӯро дорад)