explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба анҷоми амалҳои нек ва кам надонистани он, агарчи андак бошад ҳам, ташвиқ ва водор намудаанд, аз ҷумла бо чеҳраи кушода мулоқот кардан бо дигарон. Бинобар ин шахси мусалмон бояд ба он аҳамият диҳад, зеро он боиси тасаллӣ ва шод шудани бародари мусалмон мешавад.

explain-icon

fawaed

  • Фазилати муҳаббат миёни муъминон ва бо табассум ва чеҳраи кушода мулоқот кардан бо онон.
  • Камол ва ҳамашумул будани ин шариат ва инки ҳарчи ба нафъ ва ягонагии мусалмонон аст, ба армуғон овардааст.
  • Ташвиқ ба анҷоми амалҳои нек, агарчи андак бошад.
  • Хушҳолӣ андохтан бар қалби мусалмонон амали нек аст, зеро он боиси ба вуҷуд омадани улфат ва муҳаббат миёни онҳо мегардад.