Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд эҳсон дар ҳама чизро бароямон воҷиб гардонидааст, ва эҳсон иборат аст аз: муроқибати ҳамешагии Худованд бар ибодати мо, бар анҷоми амалҳои нек ва даст бардоштан аз озор ва азияти тамоми махлуқот, ки ҳатто дар забҳи чорво эҳсон бояд дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар қасос ин аст, ки: осонтарину сабуктарин ва камдардтарин равиши қатл дар назар гирифта шавад. Эҳсон дар забҳ ин аст, ки: ҳамчун шафқат ба чорво корди тез интихоб кунад, кордро дур аз чашми чорво тез кунад ва пеши чашми чорвои дигар забҳ накунад.