Усмон (разияллоҳу анҳу) ба тариқи амалӣ моҳияти таҳорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро таълим додааст, то ин ки возеҳтару равшантар бошад. Ӯ зарфи об хост ва се бор ба дастонаш об рехт, баъд аз он дасти росташро ба коса андохта аз он об гирифт ва дар даҳонаш андохта даҳонашро обгардон карда обро берун андохт, сипас обро ба даруни биниаш фурӯ бурда ва боз берун рехт, сипас рӯяшро се бор шуст ва баъд аз он дастонашро то оринҷ се бор шуст, сипас дастони тари худро якбор бар сараш кашид ва масҳ кард ва дар охир пойҳояшро то буҷулак се бор шуст. Ҳангоме ки таҳораташро ба охир расонид, ба онҳо гуфт, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидааст, ки чунин таҳорат карданд ва ононро башорат доданд, ки ҳар кас монанди ин таҳорат кунад ва бо дили ҳозир ва хошеъона дар баробари Аллоҳ ду ракаъат намоз гузорад, Аллоҳ барои ин таҳорати комил ва намози холисонааш гуноҳони гузаштаи ӯро меомурзад.