Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ёрони худро мефиристод, то ҳар куҷо муҷассамае ҳаст онро аз байн бибаранд, муҷассама ҳар сурате аст, ки дар он чизи ҷондор тасвир шудааст, хоҳ он ба шакли ҳайкал бошад ё ба шакли дигар. Ҳар куҷо қабри баландро диданд онро ҳамвор кунанд ва биное, ки болои он аст хароб кунанд, ё онро ба андозае ҳамвор кунанд, ки на бештар аз як ваҷаб баланд бошад.