Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки Қуръонро ҳифз кунед ва пайваста онро тиловат кунед, то пас аз ҳифзи он дар қалб онро фаромӯш накунед. Сипас савганд ёд карданд, ки рафтан ва фаромӯш шудани Қуръон аз синаҳо сареътар аз фирори шутуре аст, ки пойҳояш баста шудааст, ба гунае, ки агар инсон бар он муҳофизат кунад, онро нигоҳ медорад ва агар раҳояш кунад аз даст меравад.