Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки ба ҳофизи Қуръон, касе, ки дар дунё онро ҳифз карда буд ва ҳамеша онро тиловат ва ба он амал мекард, чун дохили биҳишт шавад ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бихон ва ба дараҷаҳои баланди биҳишт бирас, онро бо тартиб ва бодиққату оромиш бихон, ҳамон гуна, ки дар дунё тиловат мефармудӣ, зеро ҷойгоҳ ва манзилати ту дар биҳишт бар асоси охирин оятест, ки мехонӣ.