Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки: Худованд Исломро мисоли як роҳи рост ва дароз гуфтааст, ки ҳеҷ каҷӣ надорад, ва дар ду тарафи он девор аст, ки ҳамоно маънои ҳудудҳои илоҳиро дорад. Дар он деворҳо дарҳои кушода ҳастанд, ки онҳо ҳамон ҳаромкардаҳои Худованд ҳастанд, ва пардаҳои овезон бар он дарҳо ҳиҷоб ва сатре ҳастанд, ки ончи пушти парда ҳастро аз чашми гузарандагон мепӯшонад. Дар оғози роҳ касе истодаст, ки мардумро ба сӯи роҳи рост даъват мекунад ва мегӯяд: дар ин роҳ ба тарафи чап ва рост нигоҳ накунед ва танҳо ба роҳи рост биравед, ки он ҳамон китоби Аллоҳ аст. Нидокунандаи дигаре болои роҳ аст, ки ҳаргоҳ касе бихоҳад яке аз пардаҳоро боз кунад, ӯро ҳушдор медиҳад ва мегӯяд: вой бар ту онро боз накун ва илло дохили он мешавӣ ва дигар наметавонӣ аз дохил шудан ба онҷо худро боздорӣ, ва ин ҳамон панддиҳандае аз ҷониби Аллоҳ аст, ки дар дили ҳар як мусалмон вуҷӯд дорад.