Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар мусалмоне, ки ҳарфе аз китоби Худо бихонад як ҳасана хоҳад гирифт ва савоби ӯ барояш то даҳчанд дода мешавад. Сипас онро баён фармуда гуфтанд: (Ман намегӯям «алиф лом мим» як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф, лом як ҳарф ва мим як ҳарф аст). Пас он иборат аз се ҳарф аст, ки барояш сӣ савоб дода мешавад.