Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) хабар дод, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз он ки Моъиз ибни Молики Асламӣ (разияллоҳу анҳу)-ро бо ҳадди зино сангсор кард, бархост ва ба мардум хутба хонд ва гуфт: Аз иртикоби ин амали зишту нописанди зино барҳазар бошед. Ва баён намуданд, ки ҳар ки муртакиби ин амали нописанд ва қабеҳ шавад, ки Аллоҳ Таъоло аз он наҳй кардааст, бояд ду корро анҷом диҳад: Якум: Гуноҳи худро пинҳон кунад, он чунон ки Худованд ӯро пинҳон кардааст ва гуноҳи худро ба касе хабар надиҳад. Дувум: Ин ки фавран дар назди Аллоҳ Таъоло тавба кунад ва дар гуноҳ исрор наварзад. Ва агар гуноҳи ӯ барои мо ошкор гардад, бар ӯ ҳад ва ҳукми муқарраркардаи Китоби Худовандро барои он гуноҳ иҷро хоҳем кард.