Паёмбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) моро ба яке аз усулҳои асосии тиб роҳнамоӣ мекунад, ки он пешгирӣ (профилактика) аст. Яъне, инсон бояд саломатии худро бо камхӯрӣ нигоҳ дорад. Бояд танҳо ба қадре бихӯрад, ки гуруснагияшро дур кунад ва ӯро барои анҷоми корҳои зарурӣ қувват бахшад. Зеро бадтарин зарфе, ки пур мешавад, шикам аст, аз серхӯрӣ бемориҳои зиёде ба вуҷуд меояд, ки бархе фавран ва баъзе дертар, бархе ошкор ва бархе пинҳон пайдо мешаванд. Сипас Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Агар инсон ночор бошад, ки сер шавад, пас бояд аз се як ҳиссаи шикамашро барои хӯрок, як ҳиссаи дигарро барои нӯшидан ва як ҳиссаи боқимондаашро барои нафаскашӣ гузорад, то ки тангии нафас, зарар ва танбалӣ дар анҷоми фарзҳои диниву дунявӣ бар ӯ роҳ наёбад.