Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки инсон дорои имони комил ва воҷиб намегардад, магар вақте ки муҳаббати ӯ мутобиқи он чи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овардааст, аз амрҳо, наҳйҳо ва дигар чизҳо, бошад. Яъне, бояд он чи ӯ амр кардааст, дӯст бидорад ва он чи наҳй кардааст, бад пиндорад ва аз он дур бошад.