Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам". Sahih/Authentic. - Ibn Maajah
explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз талаби илм барои худнамоӣ назди уламо ва нишон додани худ ҳамчун як соҳибилм ва ё барои баҳс ва мунозира кардан бо аҳмақону камақлон, ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва бартарӣ доштан бар дигарон, барҳазар доштаанд. Ҳар касе чунин кунад, ӯ бинобар риёкорӣ ва адами ихлос дар талаби илм, сазовори оташи дӯзах аст.

explain-icon

fawaed

  • Барои касоне, ки илмро барои фахр ва риёкорӣ, ё барои баҳсу муноқиша ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва ё барои дигар аҳдофи дунявӣ меомӯзанд, ваъдаи дӯзах дода шудааст.
  • Ихлос дар ният барои касоне, ки илм меомӯзанд ё таълим медиҳанд, бисёр муҳим аст.
  • Ният асос ва мабнои амалҳост ва бар асоси он подош дода мешавад.
explain-icon

Дастабандишудаҳо

explain-icon

Бештар