explain-icon

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) баён фармуданд, ки Худованд баъзе аз бандагонашро дӯст медорад, аз ҷумла: Парҳезгор: яъне ӯ касе аст, ки аз дастуроти Худованд фармон мебарад ва аз навоҳӣ дурӣ меҷӯяд. Сарватмандро дӯст медорад: сарватманд яъне касе, ки худро танҳо ниёзманди Худованд медонад ва ба касе ғайр аз Аллоҳ таваҷҷуҳ намекунад. Шахси ниҳонкорро дӯст медорад: шахси хоксор ва мутавозеъ, ки Парвардигорашро мепарастад ва танҳо ба ончи барояш судманд аст машғул мешавад ва барои ӯ муҳим нест касе ӯро бишносад ё мадҳу ситоиш кунад ва дар мавридаш суханони нек бигӯяд.

explain-icon

fawaed

  • Тавзеҳ додани баъзе аз сифатҳое, ки барои ба даст овардани муҳаббати Аллоҳ ба бандагонаш лозим аст, яъне парҳезгорӣ, фурӯтанӣ ва розигӣ ва қаноатмандӣ аз он чи Худо тақсим кардааст.