Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки соли фатҳи Макка, замоне ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онҷо буд, аз ӯ шунидааст, ки фармуданд: Ҳамоно Аллоҳ ва паёмбараш хариду фурӯши шароб, худмурда, хук ва бутҳоро ҳаром карданд. Пас, касе пурсид: Эй Расули Худо, оё метавонем чарбии ҳайвони худмурдаро бифурӯшем? Зеро он барои чармсозӣ, равған кардани киштиҳо ва мардум аз он барои равшан кардани чароғҳо истифода мекунанд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: На, фурӯши он ҳам ҳаром аст. Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Худованд яҳудиёнро ҳалок ва лаънат кард, зеро вақте Худо чарбии ҳайвонро бар онҳо ҳаром кард, онҳо онро об карданд, равған гирифтанд ва онро фурӯхтанд ва пули онро хӯрданд (яъне қоидаи ҳаромро бо ҳила шикастанд).